Рӯзи 15-уми август аз бозгашти гурӯҳи “Толибон” ба қудрат дар Афғонистон чаҳор сол гузашт.
Дар ин рӯз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки “ҳукумати хушунатомез ва худкомаи “Толибон”-ро ба расмият напазиранд.
Онҳо афзудаанд, дар чаҳор соли ҳукуматдории “Толибон”, “афғонҳо, бавижа занону духтарон бо ҳамлаи пайваста ва рӯзафзун ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии худ рӯбарӯ будаанд".
“Толибон” бидуни доштани машрӯият як низоми табъизомезро ба роҳ мондаанд, ки метавон онро далели ҷиноят алайҳи башарият ва озору азияти ҷинсӣ номид,” – гуфта шудааст дар баёния.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарони афғон, ки ба далели маҳдудиятҳои “Толибон” аз таҳсил маҳрум шудаанд, гуфтанд, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гурӯҳ қудрати бештар медиҳад.
Яке аз онҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр мекунам, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки “Толибон” қудрати бештар ба даст оранд ва фишорро ба мардум афзоиш диҳанд. Пуштибонии байнулмилалӣ бояд воқеӣ, пайваста ва ҳамроҳ бо фишор бошад, то ислоҳ сурат бигирад.”