Дар наздикии як гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, аз ин махфигоҳ дар марзи Узбекистон сад кило маводи нашъадор гирифта шуд.
“Шаҳрвандонеро, ки ба ин кор даст зада буданд, дарёфт карда натавонистанд. Мумкин онҳо пайхас карданд, ки аз қафояшон корбарӣ рафта истодааст ё ҳолатҳои дигар,” – гуфт Бахтиёр Тоиров, корманди Идораи мубориза бо маводи мухаддир дар Зарафшон.
Амалиёт дар гузаргоҳи Саразми Панҷакент бо Ҷартеппаи Самарқанд гузаштааст. Масъулон тафсилот надоданд, ки сад кило маводи мухаддир то гузаргоҳи сарҳадӣ чӣ гуна роҳ ёфт.
Соле пеш Идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мерафтанд, маводи мухаддир ёфт ва ин масъала боис ба саргардонии садҳо мусофир аз ду ҷониб гашт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти интизомии Тоҷикистонро накӯҳиш карда, хоҳони назорати сахт бар қочоқи маводи нашъаовар шуданд, то равуоро бо Узбекистон душвор нагардонад.
Масъулони Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Суғд гуфтанд, аз аввали имсол ягон мавриди қочоқи маводи мухаддир ба Узбекистон ва Қирғизистон сабт нашудааст. Санҷишу таъйиди иттилоъ аз манобеи дигар имконпазир нест. Вилояти Суғд бо Қирғизистон ду гузаргоҳи марзӣ дорад.
Олимҷон Тоирзода, иҷрокунандаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Суғд, гуфт: “Ба наздикӣ камтар афюн мусодира кардем. Ҳамкорони мо дар Душанбе онро ошкор карданд. Мақсад дошанд, онро ба Қирғизистон интиқол диҳанд”.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи бештар аз 1300-километрӣ дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Солона дар кишвар садҳо кило афюну тарёку ҳашиш ва ҳероину шиша ё навъи синтетикии маводи мухаддир кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.