Ҷанҷол дар мактаб. Ду тараф чӣ мегӯянд?

Саидакбари Бахшулло, омӯзгоре аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои бадрафторӣ бо шогирдаш ҷарима шуд, мегӯяд, ҳодиса на он тавре аст, ки волидони хонанда гуфтаанд.

Рӯзи 13-уми август Ҳукмиддин Наҷмиддинов, сокини деҳаи Нискон ва падари навраси ҷабрдида, ба Радиои Озодӣ гуфт, муаллим писарашро баъди ҷанҷоли ӯ бо як ҳамсинфаш сарзаниш ва ба қавли вай нафасгир кардааст.

Ин ҳодиса 17-уми май дар мактаби рақами 47 дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори ҷавонро бо гуноҳи иҷро накардани уҳдадорӣ барои таълиму тарбияи як шогирдаш 1500 сомонӣ ҷарима баст.

Саидакбари Бахшулло 14-уми август ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, гуфт, ӯ на аз гулӯи хонанда, балки аз ду бари рӯяш дошт. Ба нақли омӯзгор, ин навраси 13-сола аввал ба духтарони ҳамсабақаш ҳамла карда, онҳоро дашном додааст.

Омӯзгор мегӯяд, ӯ барои ором кардани хонандаҳои синфи дигар рафта буд ва вақте баргашт, дид, ки писар бо духтарон ҷанҷол кардааст. Ӯ навори лаҳзаи ҷанҷоли ин наврас бо духтаронро ба Радиои Озодӣ пешниҳод кард.

Дар видеое, ки волидайни хонанда ба Радиои Озодӣ дода буданд, ин лаҳза набуд. Саидакбари Бахшулло ҳамчунин гуфт, ӯ дар додгоҳ фақат ин гуноҳро эътироф кард, ки синфро беназорат гузоштааст.