"Занг мезанед, намеоянд". Шикоятҳо аз кори таксиҳо дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди манъи фаъолияти чанд ширкати таксиронӣ дар Душанбе ва иҷозат додан танҳо ба 4 ширкат, шикоятҳо аз ин бахш зиёд шуд. Аз як сӯ таксиронҳо шикоят доранд, ки ширкатҳо рӯзона аз ҳар яки онҳо 100 сомонӣ мегиранд. Аз сӯи дигар сокинон шикоят доранд, ки дигар бо занг задан таксӣ ба наздашон намеояд.