Эътилоф: 7 нафар аз шиканҷа ва бадрафторӣ шикоят карданд

Аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали имсол аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят сабт кардааст.

Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.

Аммо Эътилофи зидди шиканҷа, ки чанд созмони вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро мегирад, мисли солҳои пеш дар бораи шикоятҳо аз шиканҷа тафсилот надодааст. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ним сол ба 27 қурбонии шиканҷа ва наздикони онҳо кумак расонд.

Мақомот ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфтаанд, ки на ҳамаи шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон исбот мешаванд.

Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад.

Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.

Мақомоти Тоҷикистон онро "худиқрорӣ" меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.