Аз Клинтон то Трамп. Путин бо раҳбарони Амрико чанд бор мулоқот кардааст?
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар 25 соли ҳукуматдорияш бо панҷ президенти Амрико – Билл Клинтон, Ҷорҷ Буш, Барак Обама, Доналд Трамп ва Ҷо Байден – дар умум 48 дафъа мулоқот кардааст. Интизор меравад, рӯзи 15-уми август дидори гуфтугӯи ӯ бо Доналд Трамп дар Аляска гузарад.

1
Владимир Путин, президенти Русия (рост) ва Билл Клинтон, раисҷумҳури Амрико (чап), пас аз имзои созишнома дар бораи таъсиси Маркази муштараки огоҳӣ барои додугирифти маълумот пиромуни партоби мушакҳо. 4-уми июни соли 2000

2
Билл Клинтон ва Владимир Путин дар маросими ниҳолшинонӣ пеш аз нишасти Гурӯҳи ҳашт дар Ҷопон. Моҳи июли соли 2000

3
Аз чап ба рост: Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ, раисҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао, президенти Русия Владимир Путин ва ҳамсараш Людмила, раиси Иттиҳоди Аврупо Жан-Клод Юнкер ва президенти Амрико Ҷорҷ Буш пас аз ширкат дар маросими ёдбуди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Маскав. 9-уми майи соли 2005

4
Путин ва Буш. Сантяго, Чили. 21-уми ноябри соли 2004